Суғуртаи бор ва бастаҳо
Суғуртаи интиқол бо тарофаҳои“Боркашонӣ”, “Таҳвил” ва “Қосид”-и чӣ гуна кор мекунад
Суғуртаи молу мулки шумо вақте оғоз мешавад, ки ронанда ё қосид ба назди шумо меоянд (тугмаи Дар ин ҷо пахш карда шудааст) ва пас аз интиқол ё таҳвил ба охир мерасад (ронанда ё хаткашон тугмаи Анҷомро пахш мекунад). Агар мусофир фармоишро бекор кунад, эътибори суғурта аз байн меравад.
Агар шумо як мошини боркашро тавассути корафзори Яндекс Go бо тарофаи “Боркашонӣ”фармоиш дода бошед, пас суғурта давраи боркунӣ ва борфарориро фаро мегирад.
Муҳим он аст, ки тибқи тарофаи “Боркашонӣ” ҳамлу нақли бор аз ҷониби шарикони Яндекс.Такси дар асоси шартномаи иҷораи воситаи нақлиёт танҳо дар сурати ҳамроҳии шумо анҷом шавад.
Суғурта чиро дар бар мегирад
Суғурта хисорот, нобудшавӣ ё гум шудани бор ё бастаро фаро мегирад. Суғурта на ҳамаи намудҳои борро фаро мегирад.
Чанд пул мешавад
Суғурта ройгон аст.
Чӣ тавр пайваст кардани суғурта
Дар кадом ҳолат ҷуброн пардохт мешавад
- Дар вакти кашондани бор ё баста садамаи нохуш руй дод, ки ин боиси зарари молӣ гардид.
- Ҳангоми интиқоли бор ё баста, бо бастабандии кофӣ, баста аз сабаби ҷобаҷокунӣ осеб дидааст.
- Ҳангоми боркунӣ ё борфарорӣ бо айби ҳаммол ҳангоми фармоиши опсия бо истифода аз хадамоти Яндекс.Такси дар тарофаи“Боркашонӣ”, бор зарар дидааст.
- Вақте ки баста аз ҷониби шарики Яндекс.Такси аз рӯи тарофаи“Таҳвил ”ё“Қосид” расонида шуд, баста гум шудаст (норасоӣ) ё осеб дидааст.
Чӣ тавр пардохтро метавон гирифт
Барои гирифтани пардохт кадом ҳуҷҷатҳо лозиманд
Рӯйхати дақиқи ҳуҷҷатҳоро ширкати суғурта ба шумо пешниҳод мекунад.
Дар аксари ҳолатҳо, барои гирифтани пардохт ба шумо бешубҳа лозим мешавад:
- Ариза барои пардохти ҷуброни суғурта
- Даъвои шахсе, ки молу мулкаш зарар дидааст
- Ҳуҷҷат дар бораи садамаи нақлиётӣ
- Аксҳои зарадида
Ин ёддошт пешниҳоди оммавӣ нест. Агар шумо дар бораи барномаи суғурта ягон савол дошта бошед, лутфан ба хадамоти дастгирӣ дар тамос шавед.